Чу як чанд бигузашт аз рӯзгор

Ба фарзанди гуфтои шаҳи номдор

Хашоёри фарзанди дилбанди ман

Ҷавону далеру барӯманди ман

Басии ранҷи барадам дар ин рӯзгор

Гушӯдам чунин кишвари номдор

Дигар пайрави ранҷури гаштами басӣ

Бар ин тахту авранг бояд касе

Сипорам ба ту тахт ва ҳам тоҷ ро

Ҳамин кох ва ҳам курсии оҷ ро

Бидон ту худоро яке банда Эй

Яке бандаи офаринанда Эй

Ту эй бандаи хоси яздони пок

Умедат аз ӯ ва аз ӯ дори бок

Ту дайндор бош ва беозор бош

Ту ҳам одилу нек пиндор бош

Мабодои шӯии худ , асири ғурур

Ту аз мардум беадаб бош давр

Ба марги касон ҳеҷ манимо шитоб

Макаш бегунаҳро набошад савоб

Ба адл ва ба эҳсон чу шоҳӣ кунӣ

Ба қалби касон подшоҳӣ кунӣ

Чунон кун ҳамаи нек хоҳат шаванд

Чаҳ фармони диҳии сар ба роҳат ниҳанд

Худои ҳофиз эй навҷавони пӯри ман

Ки бо ту ҳамин буд дастури ман

Дигар давр ман гашта инак тамом

Шумо зинда монед бо хосу ом

Чу ин гуфт пас дида бар ҳам ниҳод

Бирафт аз ҷаҳони шоҳ бо адл ва дод

Дариғо аз он шоҳи некӯи гуҳар

Дариғо аз он сарвар бо ҳунар

Ҳамаи малики Эрони варои ёдгор

Буд то буд ин чунин рӯзгор

ТФў бар ту эй олам бе вафо

Ки ҳаргиз накардӣ ту бар каси вафо

Ҳама доманат ҳаст пари шаҳриёр

Бихуфта канорати басии номдор

Чунинаст то ҳаст гардун ба по

Яке рӯй тахту басии зери по

Раҳоӣ надорад дигар аз ту кас

Умедам ба яздон покасту бас

Хашоёри сўки падар бар гирифт

Сияҳ пӯш гардид ва мотам гирифт

Ҳамаи аҳли Эрон ба мотам шуданд

Сияҳи пӯши гаштанду пар ғам шуданд

Чу як ҳафта бигузашт аз сўки шоҳ

Хашоёри шҳзодаҳ бар шуд бгоҳ

Пас аз ҳафтае шоҳ бар гоҳ шуд

Валиаҳди шаҳ буд ва худ шоҳ шуд

Амирони ҳамаи хонданди офарин

Ҳама бӯса доданд рӯй замин

Бигуфтанд эй шоҳи ҷовиди бод

Фарши бартар аз фари ҷамшеди бод

Ҳамеша сари тахт , ҷои ту бод

Худои ҷаҳони раҳнамои ту бод