Пеши ту ғами дил ки ниҳон буд нагуфтем

Гуфтеми сад афсона ва мақсӯд нагуфтем

Пайкон наоне ки задӣ бар дили маҷрӯҳ

То худ зи дил сӯхта нанамуд нагуфтем

Ин ҳиммати мо бас ки бомед ту ҷон ро

Кардем зиёну сухан аз суд нагуфтем

Хўшбош кигар қиссаи он рӯй ърқнок

Гуфтем вале лаъл меолуд нагуфтем

Аҳлӣ на ту имрӯзи чунин кофари ишқӣ

То буд чунин будӣ ва то буд нагуфтем