Чанд аз ҳаваси он лаб чун қанд бисӯзам

Гар сӯхтанӣ ҳам шудаам чанд бисӯзам

Магузор ки аз талхии он гиряи ҷонсӯз

Дар ҳасрати он лаъл шукр ханд бисӯзам

Дили номзади ишқи касони сохтаи ҷонро

Дар оташи ту баҳри забон банд бисӯзам

Давр аз ту ҳамон ба ки ҷунунами барад аз ҳуш

Варна чу шавам бе ту хирадманд бисӯзам

Аҳлӣ диҳадам панд ки кам сӯзи зи меҳраш

Тарсам ки агар сӯзами азин панд бисӯзам