Зон марҳами дили ғайри дил риш надидем

Ҳарчанд ки дидеми азин пеш надидем

Мансури ҳам аз дори намоиши ғаразаш буд

Мардӣ ки бипушади ҳунар хеш надидем

Ҳарчанд ки гаштем чу маҷнӯни зи паии ёр

Ёрии биҷуз аз сояи худ беш надидем

Бар чарх манеҳ номи мурувват ки зи хониш

Ҷузи хӯни ҷигари қисмат дарвеш надидем

Бовар ки кунад дарди ту аҳлӣ ки Тогое

Аз нӯши лабони фоидаи ҷуз неш надидем