Чанд бошӣ бо бидон ёд аз накӯ хоҳӣ бикун

Ёд танҳо мондагони кунҷи ғам гоҳе бикун

То ба кӣ чун шамъ бошӣ шаб нишин базми ғайр

Ҷони ман андеша аз оҳ саҳаргоҳӣ бикун

Бар миннат чун моҳи нав аз гӯшаи абрӯи назар

Гар баҳри рӯзӣ муяссар нест дар моҳӣ бикун

Ошиқон аз пеш меронӣу михўонии рақиб

Манъи некӯи хоҳ то кӣ тарки бад хоҳӣ бикун

Беш азин роҳи назар бар мардум чашмам мабанд

То туоне дар дили аҳли назар роҳӣ бикун

Хомшӣ судӣ надорад беш азин кофари дилон

Аҳлӣ аз сӯзи ҷигар гоҳе ту ҳам оҳӣ бикун