Дар кӯии ту то каси қадам аз мо наниҳад пеш
Мо сар биниҳодем ки кас по наниҳад пеш
Алмнаҳи ллаҳ ки зи ишқ ту раседем
Ҷое ки касе пой аз онҷо наниҳад пеш
Қисмати магари ин буд ки аз ҷоми висолат
Ҷузи хӯни ҷигари ишқи ту моро наниҳад пеш
Нақши малики андоза наққош набошад
То сӯрати он чеҳра зебо наниҳад пеш
Аҳлӣ нашавад шоди кас аз сӯрати ширин
Фарҳоди сифати кӯҳи ғамӣ то наниҳад пеш