Дили Масеҳи зи дардам шикаста ме гардад

Табиб бар сари ман зуд хаста ме гардад

Чаҳ нозукаст дил тавбаам ки бе таклиф

Ба як табассуми соғар шикаста ме гардад

Ба чашмаи сози насибам агар диҳанд обӣ

Чу оби чашмаи ойӣна баста ме гардад

Чаҳ шойиъаст ба гулзори доғ болидан

Ки барги барги дарави даста даста ме гардад

Чу Асияи дили файёз аз тмўҷи ҳол

Тамоми умр ба як ҷо нишаста ме гардад