Касе ба даъвии меҳраш чу субҳ содиқ шуд

Ки чун ҷараси дил ӯ бо забон мувофиқ шуд

Чунин ки чашм ба рӯй ту дӯхт пиндорӣ

Ки акси оинаи пеши рухи ту ошиқ шуд

Либоси ҷилва расое намӯд , то охир

Ба сарви қомати раъноӣ ӯ мувофиқ шуд

Касе ки сабр ба хорӣ намӯд ҳамчуи ҳилол

Ба як ду ҳафта бар ақрони хеш Фоиқ шуд

Ҳазор шукр ки файёз бе забони охир

Чу абрӯии ту забоновар дақоиқ шуд