Олам равад зи тантанаи нур дар самоъ
Даст ар фишонд он шаҷари тавр дар самоъ
Ояд ба завқи нола мастонаам ба базм
То хӯни нағма дар раги тнбўр дар самоъ
То дам задам зи замзамаи иттиҳоди дӯст
Дил ёфт завқи нағмаи Мансур дар самоъ
То тарҳи ҷилва дар чамани афканди масти ман
Омад зи завқи ғунчаи мастур дар самоъ
Гар дар биҳишти буи ту гирад суроғи мо
Ояд ба завқи ҷилваи мо ҳур дар самоъ
Бо ёди Лайлӣ ар ҳама бар нӯк дашна аст
Маҷнӯн побараҳна кунад шӯр дар самоъ
Файёз то зи лаъли ту дар боғ нукта гуфт
Токаст дар таронау ангур дар самоъ