Дидаи пиёлаи рашк меноб карда ам
Баҳри тараби таҳия асбоб карда ам
Ҳурмону васли расми баҳами пеш азин набӯд
Ин тарзи тозаи ман ба ҷаҳон боб карда ам
Бетобем зи мавҷи гуҳар об ме хӯрд
Машқ тапидани дил симоб карда ам
Гар пораи пораи ҳамчуи каттонам аҷиб нест
Сайри табассуми гул маҳтоб карда ам
Ҳушёрем зи нашъаи мастии тамаъи мадор
Тай гашта сад фасона ки ман хоб карда ам
Дил на ба ноумедӣу файзи баҳори байн
Ман кишти хеши сабз ба ин об карда ам
Азӣ як насими ваъдаи чаман ме тавон шудан
Ман ин фасонаи бовари азин боб карда ам
Афъӣ гузида мекунад аз ресмони ҳазар
Маҳтобро бо тасаввур сайлоб карда ам
Файёз умед ҳаст ки сайд асар кунад
Ин тир пар кашида ки партоб карда ам