То ҷудо аз базми он ороми дилҳо монда ам
Ҳамчуи минои тиҳӣ аз гуфтугӯ вомонда ам
Ғайритем бар сабр медорад , муҳаббат бар ҷунун
Дар ғами тан ба соҳил , дил ба дарё монда ам
Суҳбати аҳбобам аз дил кӣ кунад рафъи малол
Дар миёни ҳмншинон бе ту танҳо монда ам
Давр аз базми тараб маънӣ надорад ҳастем
Бе ту чун ҳарфи ғалат бар сафҳаи биҷо монда ам
Заъф ҳиҷронам фиканд аз по , на аз осоишаст
Пушт бар бистар агар чун нақши дебо монда ам
Аз тапидан гар наёсоем дамӣ узрам баҷост
Набзи беморам ки аз дасти масеҳо монда ам
Бо чунин саргаштагии файёз кӣ ганҷам ба шаҳр
Гирдбодам зон сабаб дар банди саҳро монда ам