Агар чашмат кунад як ишваи мастона дар гулшан

Дигар бар каф нагирад шохи гули паймона дар гулшан

Чунон чашмати миёни аҳли дили оворагеи афканд

Ки булбул кард ҷо дар оташу парвона дар гулшан

Агар гирад нишони он сари кӯ аз сабои тарсам

Ки дигар то абад булбул насозад хона дар гулшан

Ба аҳди чашми мастати бахти ман бедор кӣ монад

Ки гирад чашми наргиси хоби азин афсона дар глсн

Бирав файёзи тухми сбҳаҳ дар ҷой дигар афкан

Набинӣ ҳосилӣ аз куштани ин дона дар гулшан