Ман булбуламу гулшани Кувайти чамани ман
Фарҳодаму чини сари зулфати ватани ман
Расво шудам аз бас ки зи ёд ту шудам пар
Буи ту шуниданд ҳама аз сухани ман
Меҳри ту агар ранг бурун дод аҷаб нест
Каз ёди лабати шиша май гашти тани ман
Ҷузи шуъла оҳам набӯд дар шаби ҳиҷрон
Шамъӣ ки фурӯзад нафасии анҷумани ман
Файёз ба ҷузи шарҳи парешоне ман нест
Дар номаи аҳволи шикан дар шикани ман