Он ноз ва он киришма ва он чашм ва он нигоҳ
Худ гӯ чигуна дорам дил дар миёни нигоҳ ?
Рашк оядам мабод нишинад ба рӯзи ман
Ҳар гуҳ ки мекунӣ ба сӯии осмони нигоҳ
Гулчини куҷоу дасти дарозии дарин чаман
ӣнҷо ба гули з давр кунад боғбони нигоҳ
Дар ҷилваи бскаҳи чашми ҷаҳонӣ ба сӯй ӯст
Вақти назора гум шавад андари миёни нигоҳ
Сад ҷони фидои ним нигаҳ кардаему боз
Бар куштагон хеш кунад саргарони нигоҳ
Чашми ту як нигоҳ ба мо кард дар азал
Моро басаст то ба қиёмати ҳамон нигоҳ
Файёзи як назора ба сад ҷон харида ем
Касро надода дасти чунин ройгони нигоҳ