Базм ишқаст сабки по ба миён нагузорӣ

Бе адаби лаб ба лаби оҳ ва фиғон нагузорӣ

Ҳиммат онаст ки бе барги даройӣ ба чаман

Заҳмат барг фишонӣ ба хазон нагузорӣ

Мардӣ онаст ки бо бандагии озод рӯй

Хешро дар таҳи ин бор гарон нагузорӣ

Хзрўории талаби тарк русум хирадаст

Бе ҷунуни по ба биёбон ҷаҳон нагузорӣ

Чеҳраи тарки ҷаҳони ранг ръўнт дорад

Пои ҳиммат ба сари кун ва макон нагузорӣ

Ихтиёри дили мо дар сари зулфат гар ҳаст

Сари ин ришта ба даст дгарон нагузорӣ

Шоҳиди шарми тнк рӯй ва , таманнои густох

Нигаҳи ҳасрати моро ба забон нагузорӣ

Бо чунин чеҳра агар мезада ое ба чаман

Ранг бар чеҳраи гулзор хазон нагузорӣ

Гар ту хоҳӣ ки зании лофи муҳаббати файёз

Шарт ишқаст ки аз хеш нишон нагузорӣ