Чун гул ба чамани ханда дамодам нафурӯшӣ

Як ғунчаи табассум ба ду олам нафурӯшӣ

Дар кӯчаи мо ҷинси даво сахт касодаст

Бо доғи дилони ҷилва марҳам нафурӯшӣ

Сармояи ғам сахт азизаст нигаҳи дор

Ҳар чанд ки бисёр харӣ кам нафурӯшӣ

Дар машраби ғами ташнаи лабӣ моя завқаст

Ин заҳри глўсўз ба замзам нафурӯшӣ

Файёз ба ҷонон накунӣ дарди дили изҳор

Дар кӯчаи роҳати талабон ғам нафурӯшӣ