Шӯри ишқи ту дар ҷаҳон афтод
Бедилонро ба ҷон зиён афтод
Ту ҳануз аз ҷаҳон назода бадӣ
Каз ту овоза дар ҷаҳон афтод
Оташӣ зад ғами ту дар ҷонам
Ки шарораш бар осмон афтод
Ту саломат гузин ки номи дилам
Аз маломат ба ҳар забон афтод
Кори ман маслиҳат куҷо гирад
Хосса кин фитна дар миён афтод
Сўтри ҳоли хасму хоқонӣ
Мисли мор ва боғбон афтод