Бози ин дили ғмдидаҳ ба доми ту дар афтод
Баси мурғи ҳумоюн ки ба тир назар афтод
Дар ҷавоб ӯ
Бар неъмати бозори маро чун назари устод
Майли дили бечора ба шер ва шукр афтод
Бирён чу бидидам ба касе фош нагуфтам
То шуд хабарам , дар ҳамаи шаҳри ин хабар афтод
Аз муфлисем даст ба бирён нарасад зон
Майли дили мискин ба кабоб ҷигар афтод
Нону асал эй соҳиб хон расм қадим аст
Чунаст ки ин расм ба аҳди ту бар афтод
Шояд ки аз он хоки ҳама сарв бирӯяд
Аз сояи зноҷ ки бар раҳгузар афтод
Гармӣ макун эй косаи кочӣ ки ба олам
Ҳар кас ки дар афтод ба мо зуд бар афтод
Сӯфӣ ғазалат нест чу бсҳоқи валикин
Бо рустам дастон назанад ҳар ки бар афтод