Илоҳӣ дар ёфтан худ ёрӣу ёдгорӣ , маънии даъвии содиқоне , фурӯзандаи нафасҳои дӯстонеи ороми дили ғарибоне , чун дар миёни ҷонӣ , аз бедилӣ мегӯям ки кҷоӣӣ , ҷонрои зиндагӣ май бояд ту онӣ ба худ ва аз худ тарҷумонӣ , ба ҳақи ту бар худат ки моро дар соя ғурур нанишоне ва ба ъзи висоли худ расонӣ ,

Чашмам ҳаме бихоҳад дидорат

Гӯшам ҳаме бихоҳад гуфторат

Ҳиммат баланд карданд ин ҳар ду

Ҳар чанд нестанд сазоворат