Илоҳӣ эй бинандаи намозҳо , эй пазирндаи ниёзҳо , эй донандаи розҳо ва Эй шунаванда овозҳо , эй матлаъ бар ҳақоиқ вае меҳрбон бар хилоиқи узрҳои мо бипазир ки ту ғанӣ ва мо фақир , айбҳои мо мгир ки ту қавӣ ва мо ҳақир , агар бигирӣ бар мо ҳуҷҷат надорем ва агар бисӯзӣ тоқат надорем , аз банда хато ояду зулат ва аз ту ато ояду раҳмат