Илоҳӣ чаҳ хуш рӯзгорӣаст рӯзгори дӯстони ту бо ту , чаҳ хуш бозорӣаст бозори орифон дар кори ту , чаҳ оташинаст нафасҳои эшон дар ёди ту , чаҳ хуш дардӣаст дарди муштоқон дар сӯзи шавқу меҳри ту , чаҳ зебост гуфту гӯии эшон дар номи нишони ту .

Бо сунъи ту ҳар мӯрча розӣ дорад

Бо шавқи ту ҳар сӯхта созӣ дорад

эй холиқи зулҷалол навмед макун

Онро ки бадари гуҳат ниёзӣ дорад