Илоҳӣ аз орандаи ғами пушаймонӣ дар дилҳои ошноён ва Эй афганда сӯз дар дили тоибон эй пазирндаи гуноҳкорону мӯътарифони Ф касе боз наомад то боз наёвардӣ ва касе роҳ наёфт то даст нагирифтӣ , дастгир ки чун ту дастгир нест дарёб ки ҷузи ту паноҳ несту пурсиши моро ҷузи ту ҷавоб несту дарди моро ҷузи ту даво нест ва аз ин ғами ҷузи ту моро роҳат нест .