То соқии михўоргон дар ҷоми саҳбои рехта

Хӯни дили хам дар қадаҳ аз чашми минои рехта

Дар синаи сими сипеди окандаи зари ҷаъфарӣ

Дар дидаи алмостар ёқӯти ҳмрои рехта

Ин бодаро туркии аҷаб дар моҳи шаъбону раҷаб

Афшурда аз ҳалқи ънб дар хами тарсои рехта

Ояд ҳубобаш дар назар монанди марворид тар

Бар сатҳӣ аз лаълу гуҳари баҳри тамошои рехта

Неи ҳамчуи Марии ҷон гзо гашта ба афсуни ошно

Нофаши дарида чанд ҷои дандонаши як ҷои рехта