Бенасиб аз обрӯ бошад ба гетӣ
Ҳар ки ӯ динор ё дарҳам надорад
Ва онкӣ аз фарзанд бебаҳрааст бе шак
Дидаи равшани дил хуррам надорад
Ҳаркиро набӯд дарин гетии бародар
Ҷони шоду бозуӣ муҳкам надорад
Мардро чун дар шабистон зан набошад
Баҳра аз шодии дарин олам надорад
Лек агар андешасозӣ неки доне
Ҳаркиро ин чор набӯд ғам надорад