Хушо санги ҷафоят хӯрдан ва ҳам дар нафаси мурдан

Вале ман бахт инам нест хоҳам зини ҳаваси мурдан

Ман онмрғи дили афкорам ки маҳрӯмами зи васли гул

Нахоҳам рӯй бустон дид хоҳам дар қафаси мурдан

Дили маҷнӯн куҷо ёбад нишон аз маҳмили Лайлӣ

Ки мебояд дар ин водии боўои ҷараси мурдан

зи таън ҳамнафас натавон ки нолам аз балоӣ ӯ

Бало ин шуд ки май бояд зи таъни ҳамнафаси мурдан

зи ишқ осон шавад мурдан агарна зин буд мурдан

Нахоҳад каси дарин олам барои ҳечкас мурдан

Чунинам гуфт ҷонатро бики дидори бустонам

Агар бошад чунин аҳлӣ хуш осонаст пас мурдан