Ҷон рафту дили муқайяди сад ғам буд ҳануз
Тани хоки гашту дидаи пар аз нам буд ҳануз
Ҳаргиз нарафт аз дили мо хорхори васл
Доғи биҳишт бар дили одам буд ҳануз
Сад шох гул дамид ва варақ кард зарду рехт
Нахли қади ту фитнаи олам буд ҳануз
Ман хоки роҳ гар шудам эй навбаҳори ҳасан
Гулзори ҷони ббўии ту хуррам буд ҳануз
Сад бесутун чу сӯрати ширин ббод рафт
Бунёди ишқи мост ки муҳкам буд ҳануз
Ойини некуии сабаби ном нек шуд
Ҷам рафту васфи оинаи ҷам буд ҳануз
Аҳлии баҳри қадам ки буд дар раҳ батон
Гар сад ҳазор саҷда кунад кам буд ҳануз