Ҳастанд ба базмат эй шаҳи шери шикор

Мурғони шабаҳи тан ва ақиқин минқор

Аз баҳри нишоти ту ба рӯзии сад бор

Оянд ҳаме чу мутрибон дар гуфтор