Рӯй надорам ки рӯй аз ту битобам

Зонка чу рӯй ту дар замона наёбам

Чун ҳамаи олами хаёл рӯй ту дорад

Рӯй з рӯят бигӯ чигуна битобам

Ҳилагарӣ чун кунам ба ақл чу гум кард

Ишқи сари риштаи хатоу савобам

Неи з ту битавон бурид то бшкибм

Не ба ту битавон расед то башитобам

Ман чу шаб аз меҳнати ту ҳеҷ нхсбм

Шояд кандар хаёл васл бихобам

Роҳатам аз рӯзгори хеш ҳамин аст

Ин ки ту доне ки бе ту дар чаҳ азобам

Гуфтӣ хоҳам ки ном ман набарӣ ҳеҷ

Зонка аз ин беш нест барги ҷавобам

Арбада бар масти ҳеҷ хурда нагиранд

Бо ман аз инҳо макун ки масту харобам