Дарди дил ҳар замон фузун дорам
Чаҳ кунам бе вафост дилдорам
Ҳама бо ман ҷафо кунад лекин
Ба ҷафои ҳеҷ азу ниёзорам
Бори андӯҳу ранҷи меҳнат ӯ
Бикашам зонка дӯсташ дорам
Ёд васлаш кунам мъозоллаҳ
Кӣ буд ин маҳалу миқдорам
То тавонам ҳадис ҳиҷраш кард
намеравад сад ҳазор бекорам
Гуфта будам казу кунам дархост
То намояди зи даври дидорам
Ин қадари илтимоси худ чаҳ буд
Солҳо шуд ки то дар он корам
Боварам мекунӣ ба неъмати шоҳ
Кини қадар низ ҳам наме ёрам