эй фитнаи чашми сияҳати роҳзани хоб

Вай рӯй ту гулзори ҷаҳонро гули шодоб

Ман шаби ҳамаи шаб аз ғами дидори ту бедор

Чашмони ту сармаст ва ту доим ба шукри хоб

эй он ки туро манзари чашмам шудаи манзил

Ҳушдор ки ин хона буд дар раҳи сайлоб

Мижгони ман он қиссаи хунини дарун ро

Бар чеҳраи ман нақш ҳаме кард зи хуноб

Бар оташи савдои ту дил сабр надорад

Бар нори куҷо сабр кунад қатраи симоб

Вақтаст ки то сари бунаам бар сари тӯфон

Кандар сари ин , вартаи сабрам шуда ноёб

Бо муддаӣ васл махон қиссаи ҳиҷрон

Осӯда ба соҳил нашносад ғами гирдоб

Савдои ту бас нест ҳаминам кашад охир

Кати вақфи рақибон шуда он лаъл чу унноб

Ошуфтаи ҳадиси ту ба эҷоз нагунҷад

Каз риштаи он зулфи расо , мекашад итноб

Зулфат ки камандӣ шуду ҳабли аллоҳи мутлақ

Шоҳаншаҳи офоқи алии фотиҳи абвоб