Риштаҳо бар гарданам эй зулф ёр овехтӣ

Фитна кардӣ эй нигоҳи масти хӯнами рехтӣ

Миннатӣ бар гарданами дории ту эй зулфи ду то

Каз ҳамаи занҷири мӯён риштаам бгсихтӣ

Мебарӣ номи рақибон бар лаби ширин чаро

Заҳр бо қанди мукаррар аз чаҳ рӯ омехтӣ

Шояд аз ҷодўӣии заҳҳоки осои дами занам

То ту эй мори сияҳ бар гарданам овехтӣ

Гар набӯдат дар камӣни он оҳӯони шери гир

Аз чаҳ ошуфта ба чини зулф ӯ бигурехтӣ