Ҳаргиз фано нагардӣ то ҳаст ишқи боқӣ

То мастят ба сар ҳаст миннат мабар зи соқӣ

Миқдори марҳами васл шояд агар шиносад

Он дил ки хаста бошад аз дарди иштиёқӣ

Лайлии аниси маҷнӯн ӯ дар талаб ба ҳомӯн

Маъшӯқи мо ту ва ту дар шиква аз фироқӣ

Ушшоқро нўорости андари раҳ ҳиҷоз аст

То чанд мутриби базм дар пардаи ироқӣ

Гар иттифоқ уфтад хасро макон дар оташ

Шояд ки ишқ бо ақл вақте кунад вифоқӣ

Дар сарву офтобати дигар сухан набошад

Бо ҷом чун дар ояд соқии сими соқӣ

Осӯдае чаҳ донад хуфта ба тарафи гулзор

Гар сӯхта бинолад аз дарди эҳтироқӣ

Ошуфтаи ошиқонро дар марг зиндагонӣаст

Дар ин ҳадис ушшоқ доранд иттифоқӣ

Ҳошо ки ҳоҷат уфтад фардои биҳишту кавсар

Дар кӯй май фурӯашонгар бошиддати всоқӣ

Майхонаи базми ҳайдар май нашъаи муҳаббат

То масти ин шаробӣ миннат мабар зи соқӣ