Зоҳиди зи оби майкада парҳез ме кунӣ

Теғи риё ба санги фусун тез ме кунӣ

Ратли гарони зи бода чу лабрез ме кунӣ

Дилро зи мавҷи фитнаи сабк хез ме кунӣ

Дил мекунӣ шикор ба мижгони ҷони шикоф

Ҷонро асири зулф диловез ме кунӣ

Мутриб бизан ба пардаи ушшоқи нохунӣ

Гар сози нағмаи тараб ангез ме кунӣ

Аз зулфи ёр май рисӣ эй бодаи машки буи

Носури дил ба нафхаи гул без ме кунӣ

Номи рақиби зони лаби ширин чу май барӣ

Заҳрии сет аз фусун шукромез ме кунӣ

Овехта ба зулфи ту ошуфтаи сарнигӯн

Таҳқиқгар зи мурғи шаб овез ме кунӣ

Хӯни Ироқу Форс ба як ғамзаи рехтӣ

Оҳанги тарки ман сӯй табриз ме кунӣ

Ошуфта гарчи васф батонаст кори ту

Мадҳи алӣу оли алӣ низ ме кунӣ

Мадҳи алӣ чигуна кунӣ бо забони лол

Кӣ васфи баҳри қатра ночиз ме кунӣ