эй лаби лаъли ту рӯҳи бахши масеҳо

Партави рӯяти фурӯғи синаи сино

Ошиқу девонаи ту Вомиқу маҷнӯн

Мазҳари рухсораи ту Лайлӣу узро

Ҷодӯии Бобули саҳари чашми ту пинҳон

Мӯъҷизи Мӯсо ба зери зулфи ту пайдо

Оинаи дори ҷамоли ту мау хуршед

Бандаи лаълу қади ту кавсару тӯбо

Холи сиёҳати саводи дидаи ғулмон

Зулфи дарозати каманди гардани ҳўро

Нофаи чин дарнигор хонаи мо не

ё ба гули оризи ту зулфи чилипо

Оби зи гул май барӣу тоби зи сунбул

Барф кунӣ дар чаман чу парда ба ъмдо

Васфи гул рӯй ту сабо ба чаман гуфт

Гашти гули оташ ба ҷону булбули шайдо

Дил ншкибд нанӯшад аз лаби лаълат

Ташна нагардад нахурда оби шикеб

Зад раҳи ошуфтаи куфри зулфи каҷи ту

Трсмши охири барӣ ба миллати тарсо

То ки магар дил раҳад зи ғамзаи хубон

Бар дар пер Муғон барем тавалло