Ҳаркии моро хароб ме донад

На хато бар савоб ме донад

Орифони сархуш аз хами тавҳид

Гарчи шайх аз шароб ме донад

Ҳарки дидааст мавҷи лаҷаи ишқ

Баҳри қулзум ҳубоб ме донад

Ҳарки бӯсидааст он лаби нӯш

Оби ҳайвон сароб ме донад

Чашми ту беҳисоб хўнриз аст

Тарк кӣ худ ҳисоб ме донад

Моҳии даври монда аз дарё

Ҳолат изтироб ме донад

Гул хабар дорад аз латофати дӯст

Буи ӯро гулоб ме донад

Хӯни мо баста бар сарангуштон

Нохуни худ хизоб ме донад

Теғ ӯ бохабари зи сӯз дил аст

Ҳоли мстсқӣ об ме донад

Ёр маҳҷӯб нест ошуфта

Ҳастӣ худ ҳиҷоб ме донад

Зон мижаи бозпурси ҳоли дилам

Сихи ҳол кабоб ме донад

Каъбаи хешро муҳиби алӣ

Дарга Бутуроб ме донад

Ҳаркии нақши ту басти олам ро

Ҳамаи нақш бар об ме донад

намекунад ҳали мушкилоти алӣ

Кӣмёгар уқоб ме донад