Васл май хости дилу кор ба ҳиҷр ту кашид

Аз гулистони вафои ҷузи гул ҳурмон надамид

Ҳаркии Юсуф ба зари носара дар Миср фурухт

Гар баҳо ҷон кунадаш пас натавон ки харид

Ганҷ беранҷ муяссар нашавад гул бе хор

Гар ки бо ганҷ буд мор ки бояд талабед

Бирав эй ақл ки беишқ нишастан натавон

Ба барои теғ ки аз дӯст нахоҳем бурид

Гар ҷаҳон оина гирданд набинад ҷузи ёр

Ҳарки дар оинаи дили рухи зебоӣ ту дид

Васф аз шукру ҳалвои натавонади гуфтан

Ҳарки аз он лаби ширини сухан талх шунид

Дӯш чун ҷон ба лабам буд лаб ӯ ҳамаи шаб

Имшаб аз ҳасрати он лаъл ба лаб ҷон барисед

Ғофил аз ҳилаи ихвони манишин эй ёқӯб

Гург аз дашт бурун омад ва Юсуф бадаред

На ҳамин дил шуда аз новаки мижгони ту хӯн

Нест як мурғ ки аз тири ту дар хӯн натапид

Фарқ дар ошиқу зоҳид ки гузорад ҷузи ишқ

Ишқ тмииз диҳад лоҷарам аз поку палид