Касе сар аз қадами ёр барнаме гирад

Ки ҷон диҳад дил аз ин кор барнаме гирад

Ту барқи олами асрорӣу аҷаб ки зи ту

Шарар ба пардаи асрор барнаме гирад

Абас ба чашм ту гуфтам ки хӯн халқ махӯр

Ки масти одати ҳушёр барнаме гирад

Ба тан чу бор гаронаст ҷон бигӯ ҷонон

Чаро зи дӯши ман ин бор барнаме гирад

Бизан ту теғ ба сари муддаӣ ки ман сипарам

Ба теғи ёри дил аз ёр барнаме гирад

Чаро ки сӯз дарунаст ҳамчуи шамъ ба дил

Аҷаб ки шуъла ба як бор барнаме гирад

Магӯ ки куштаи теғи ту ҷон ба сахтӣ дод

Ки дили зи лиззати дидор барнаме гирад

Агар ба дӯзахи ошуфтаро бисӯзоне

Ки дили зи ҳуби даҳу чор барнаме гирад