Шукр аз лаъл ту гуфтам ки нишоне дорад

Кӣ чу он лаъли шкрбор беоне дорад

Ваъдаи васл бФрдо диҳадам пиндорӣ

Боз бар ҳастем оншўх гумоне дорад

Ҳаваси ҷинат фирдавс надорад фардо

Ҳар ки дар майкадаи имрӯз маконе дорад

На аҷаб сӯхтани хирманаш аз оташи шавқ

Ҳар ки ҳамхонаи бахуди барқ ямонӣ дорад

Ҳадафи тири назар кош кунад мурғи дилам

Тарки масти ту ки дар даст камоне дорад

Ҷузи зсрўи қади ту аз ҳамаи қайд озод аст

Ҳар ки қамарии сифат аз ишқ нишоне дорад

Сарви пеши қади ту ҷилва тавонад ҳошо

ё ки пеши лаби ту ғунча даҳоне дорад

Карда тай дар қадами аввали ҷўлонгаҳи умр

Тавсани ишқ чаҳ бигусаста аноне дорад

Ҳамаи шаб дар ғами ҳиҷрони ҷамолат чун шамъ

Сӯзади ошуфтау пуршуъла забонӣ дорад