Куштани ошиқ агар уқоб надорад

Лек ба ин қадари ҳам савоб надорад

Ҳаст ҳисобӣ ба кору рӯзи ҷазое

Кор нагӯйӣ ки ту ҳисоб надорад

Хуй ба рухи тест ё гулоб чакида аст

Гарчи гули оташин гулоб надорад

Чеҳрау зулфати магар ки моҳ ва саҳоб аст

Лек маи ин анбарин саҳоб надорад

Гӯ бикун аз хӯни мо ту дасти нигорин

Панҷаи симинаш ар хизоб надорад

Хоб кунад бахти ман вале ба шаби васл

Дида ошиқ магӯ ки хоб надорад

Гуфт ки хӯнат бирезам аз дами ханҷар

Бо ҳамаи тифлӣ чаро шитоб надорад

эй бут ширин наҳй ту зин чаҳ ба гулгун

Ҳаст ду чашми ман ар рикоб надорад

Тухм фишондему оби дида зарур аст

Оҳ ки ин чашмаи ҳеҷ об надорад

Гуфтамаш ошуфтаро ҷавоби саломӣ

Гуфт бирав ҳарфи ту ҷавоб надорад

Ин дили сўдоздаҳ ки мондаи парешон

Роҳ ба ҷузи кӯй Бутуроб надорад