Асири ишқ шудани ақлро қарор набӯд

Назар ба манзари хубон ба ихтиёр набӯд

Қарор дод ки ман беқарор ӯ бошам

Дареғу дард ки он аҳд барқарор набӯд

Надонам инки дилами сайди ним бсмл кист

Ба дашти ҳасани ҷузи он тарк шаҳсавор набӯд

зи слсбили лабати бас ки бодаи гашти сиблат

Ҷузи он ду наргиси бемор дар хумор набӯд

Ба ноз омад ва доман фишон з ман бигузашт

Магар ки хирмани хокӣ ба раҳ ғубор набӯд

Ҳазор гули зи гул аз файз навбаҳор дамид

Ба ғайри лола дар ин боғ доғдор набӯд

Чаҳор табъи мухолиф ба шамъ арза намӯд

Ба машрабаш ба ҷуз аз нор созгор набӯд

Чаҳ шуд ки савмиъа барбаст ва майкада багушӯд

Ки ин гумон ба ту эй давр рӯзгор набӯд

Магӯ зи гуфтан ҳақ дода боди сари ҳаллоҷ

Сазои кошифи асрори ғайр дор набӯд

Агар на халқи набӣ буду зулфиқори алӣ

Ба халқи сари худои ҳаргиз ошкор набӯд

Агар на афви ту будӣ сазои бандагии ?ут

Ки буд каз амали хеш шармсор набӯд

Набӯд кори ту мадҳи ҳайдари ошуфта

Туро баҳри ду ҷони ҳеҷ ифтихор набӯд

Агар на доғи туам буд зеби пешонӣ

Маро ба каъбау бтхонаҳ эътибор набӯд