Ҳасани бадеъи ту эй хуҷастаи шамоил
Фитнаи айёми гашту шӯри қабоил
Бори дили ошиқонати зулфи ду то кард
Варна набӯдӣ бад-ӣни сифати тамоюл
Аз ки бапушам ҳадиси ишқ ки бошад
Чеҳрау ашками бадаради ишқи далоил
Хоҳӣ агар хам нишин шӯй чу Флотўн
Дар хам бода башу китоби фазойил
Мушкилии афтода буд нуқтаи мавҳум
Кард ба ҳарфии лаби ту ҳали масоил
Бандад агар бути парасти риштаи зрнор
Бар бут рӯят чарост зулфи ҳамоил
Гуфта ошуфтаи пеши зулф ту гуфтӣ
Ҳар ду бирақс омаданд сомъу қоил
Васли ту ҷонона буд қисмати ҷонам
Гар нашудӣ ҷони миёни мо ва ту ҳоил
Ишқи алии шасти нақши меҳр батон ро
Миллат Аҳмад намӯд насхи авоил