Сайли ашкам ба шаби ҳиҷр чу пайваст ба ҳам

Киштӣу Нӯҳ ба як мавҷаш бишикаст ба ҳам

Хостами нақши мау сунбула аз калаки қазо

Нақши рухсорау гесуии ту пайваст ба ҳам

Ҷузи хату зулф ки пайваст ба ҳам кас нишнид

Хизру аҳрӣману ҷодӯ ки диҳад даст ба ҳам

Чашмакон дар хами абрӯии каҷат доне чист

Теғҳо охта дар ҳамла ду бидамаст ба ҳам

Дили девонаи ошуфта чу занҷирӣ дид

Ҳалқаҳои хами зулфи ту ба пайваст ба ҳам