Навбаҳорасту арӯс гул кашид аз рухи ниқоб

Рахти айш аз кохи андари боғовар бо шитоб

Андалеб аз шохи гулбонг сабӯҳӣ ме занад

Яъне аз ғифлат бурун ойед аз мисатони хоб

Ман ғазал хон ту булбули нағмаи санҷ аз гул ба боғ

Чанги мутриб дар рубобу ҷоми соқии пуршароб

Шоҳиди гулзор бепардааст май даҳ соқио

То магар парда нишин ман даройад бе ҳиҷоб

Шохи тӯбо дар бар болои раънои ту хам

Оби кавсари пеши лаъл май парасти ту сароб

Бо мидодии анбарин наққоши ширини кори сунъ

Зад рақам бар он гули рухсори хати интихоб

Тир агар боради зи дидор батон дидаи мдўз

Теғ агар ояд зи майдони накӯёни рухи мтоб

То нигарем ман нахандад ғунчаи он лаъли лаб

Ореи ореи ханда гул бошад аз ашки саҳоб

Нест ҳоил на ҳиҷобаши пеши чашми ҳақи шинос

Ҳарки чун ошуфта бинад рӯй шоҳид бе ниқоб

зи мо ту бесабаб эй офтоб рӯй мтоб

Ки ҳаст моҳи рахти шамъи маҳфили асҳоб

зи бими наргиси фаттони тест парда нишин

На инки фитнаи охири замон буд дар хоб

Ҳадиси шавқи туро менигошт нест аҷаб

Агар ба ҷои мидод аз қалам чакад хуноб