Ёр аз мо канора кард имшаб

Риштаи меҳр пора кард имшаб

Моҳи ман рухи наҳуфтау зҳҷрон

Доманам пурситора кард имшаб

Ғайритем мекашад ки ғайр аз давр

Базми моро назора кард имшаб

Хости андӯҳи моу айши рақиб

Ба чаҳ кеш истихора кард имшаб

Ҷои дил буд сихи мижгонаш

Ки баҳолаш қнораҳ кард имшаб

Чашми ошуфта чун мунаҷҷими шаҳр

Хайли анҷум шумора кард имшаб

Ғайри доруии мадҳати ҳайдар

Дарди дилро ки чора кард имшаб