Ба гулзори ғами ишқи ту ман он мурғи хомӯшам
Ки шуд аз бими гулчини нағмаи пардозии фаромӯшам
Чу ғунча то ки зад меҳр хамӯшӣ бар даҳони ман
Ки ман бо сад забон чун сӯсани озодаи хомӯшам
Тан берӯҳам ва чун туами бодоми давр аз ту
Намоёнаст ҷои холяти ҷоно дар оғӯшам
Дили хунин чу хам гар мезанад ҷӯшӣ аҷаб набӯд
Ки то ҳаст оташи савдо ба ҷон чун дег дар ҷӯшам
Худоро соқиои саҳбо ба ёрон дигар паймо
Ки ман аз ғамзаи он тарки сархуши масту мадҳушам
зи шоми ҳиҷри зулфат то қиёмати шиква ҳо дорам
Магар субҳӣ шавад толеъ аз он тарафи биногвашам
Ба ҷони ҳиндӯии зулфу холи он тарки қизилбошам
Ки карда ҳиндӯии мӯяши ҳазорон ҳалқа дар гӯшам
Парешон гуфта ошуфта кӣ уфтад қабули шаҳ
Магари эксири ишқ ту хӯрд бар қалби мағшушам
Ба зери бори исён мондаам дар ин сафар ёрб
Магари дасти худои бор гарон бардорад аз дӯшам