Рақиб карда ба боғи ту азми гардидан

Буд назораи гулчин барои глчидн

Миёни булбулу гулчин аз он буд ғавғо

Ки ин ба ғорат ва ӯ аз барои гул дидан

Агар чаҳ гуфт сухани чини ҳадисӣ аз даҳанат

Вале ба ҳеҷ набояд зи дӯст ранҷидан

Расед мавкиби султони ишқи ақли буна

Бисоти куҳна бибояд зи хонаи барчӣдан

Ҷаноби ишқ баландаст эй ҳаким бирав

Куҷо ба ваҳми тавон ин қиёс санҷидан

Ба ғайр хор наёяд ба зер паҳлуем

Рӯм ба бистар чун бе ту баҳри хсбидн

зи доми ту натавонад гурехт ошуфта

Ки мурғ баста наёрад зи ҷой ҷунбидан