Гӯш бар афсонаи ағёри сангин дил макун

Корро бар хеш ва бар мо эй санам мушкил макун

Мо ризои дӯстро бар худ мақдам доштем

Бесабаб дар ҳақи мо андеша ботил макун

Мо зи ту як лаҳзае ороми ҷони ғофил на ем

Ин тағофулро бҳли худро зи мо ғофил макун

Ҷоҳиланд аҳли ҳавас дар илму ишқу ошиқӣ

Гӯши ҷуз бар қавли ринди олам комил макун

Нест дар аҳди ҷавонону назарбозони сабот

эй писари ҷузи хизмати перон соҳибдил макун

Чун ба баҳрати гавҳар мақсӯд меуфтад ба каф

Бо вуҷӯд дар дигар андеша соҳил макун

Нақши рӯят эй санам дар каъбаи дил ҷо гирифт

Зоб бе Меҳрии зи дили ин нақшро зоил макун

Нест ҷоҳил дар миёни моу ҷонони ғайри ҷон

Гар диҳад ҷононаи борати бим аз ҷоҳил макун

Ҳосили куну макони ошуфтаи меҳр Муртазо аст

Умри худро сарф ҳар савдоӣ беҳосил макун