Мутриб аз ростии наво сар кун

Шӯри ушшоқро фузун тар кун

Чанд дар пардаи Ироқу ҳиҷоз

Раҳи қонӯни ишқ яксар кун

Як ду байтӣ бигӯ зи тарк ва ду гоҳ

Чанг дар чанги авд ва мзмр кун

Ту ба наврӯз эй масеҳои дам

Нақши дили мурдагон мусаввир кун

Дами мансӯрӣ аз хуҷаста бизан

Аз чунин нағмаҳо мукаррар кун

Занги ғамро бабри зи зангула

Аз рҳоўии ту мӯя эй сар кун

Ҳуру ғулмони ғуломи соқии давр

Базмро рашки хулд ва кавсар кун

Порсии гӯии тарки ширини лаб

Шеъри ошуфтаро ту аз бар кун

Маҳфили инс чун бёронид

Хези мастонаи мадҳ ҳайдар кун