Ибтидои кори симурғ эй аҷаб
Ҷилва гар бигузашт бар чини ним шаб
Дар миён чин фитод аз ваии парӣ
Лоҷарами пар шӯр шуд ҳар кишварӣ
Ҳар касе нақшӣ аз он пар барграфт
Ҳар ки дид он нақш корӣ даргирифт
Он пар акнӯн дар нгорстони чини сет
Атлбўи алълму луи болсини азин сет
Гар нагаштӣ нақши пар ӯ аён
Ин ҳама ғавғо набӯдӣ дар ҷаҳон
Ин ҳамаи осори сунъ аз фар ӯст
Ҷумлаи анмўдори нақш пар ӯст
Чун на сар пайдост васфашро на бен
Нест лоиқ беш аз ин гуфтани сухан
Ҳар ки акнӯн аз шумо мард раҳед
Сар ба роҳ ореду по андар наед
Ҷумла мурғон шуданд он ҷойгоҳ
Беқарор аз иззати он подшоҳ
Шавқ ӯ дар ҷони эшон кор кард
Ҳар яке бесабрӣ бисёр кард
Азм раҳ карданд ва дар пеш омаданд
Ошиқ ӯ душман хеш омаданд
Лек чун раҳи баси дарозу давр буд
Ҳаркасӣ аз рафтанаши ранҷур буд
Гарчи раҳро буд ҳар як корсоз
Ҳар яке узрӣ дигар гуфтанд боз