Ҳам шеваи савдоӣ ту натавон донист

Ҳам ваъдаи фардоӣ ту натавон донист

Мебояд буд то абад бесару по

Чун раҳ ба сару пой ту натавон донист